СОАТИ ДАРСӢ «ЯГОНАГИИ ХАЛҚ ДАР ГУНОГУНИИ ФАРҲАНГӢ»

  • 31.08.2022
  • 0

(Намунаи соати дарсӣ барои синфҳои 5-6

Мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар 1 сентябри соли таҳсилии 2022)

 

Ҳадафҳои машғулият:

Омӯзишӣ: Хонандагон

— муайян мекунанд, ки фарҳанги миллӣ чӣ гуна дар ороиши хонаҳо инъикос ёфтааст;

— хусусиятҳои монанд ва фарқкунандаи ҷомеаҳо ва фарҳангҳоро муайян мекунанд;

Инкишофёбанда:

  • ҳиссиёти худро нисбат ба хона, оила, кишвар шарҳ медиҳанд;
  • намуди зоҳирии хонаро таҳлил мекунанд ва хонаҳои халқҳои гуногунро муқоиса менамоянд;

Тарбиятӣ:

— аҳамияти муносибати эҳтиёткорона нисбат ба арзишҳои оилавӣ ва ҳифзи онҳоро тавсиф мекунанд.

Мафҳумҳои асосӣ: хона, фарҳанги миллӣ, анъанаҳои оилавӣ, шаҳрванд (кыргыз жараны), шаҳрвандӣ

Фарҳанги миллӣ – рамзҳо, динҳо, эътиқодҳо, меъёрҳои рафторе, ки ҳаёти маънавии ҷомеаро дар кишвар, давлати мушаххас тавсиф мекунанд.

https://tsput.ru/res/other/kulturolog/lec3.html

 

Анъанаҳои оилавӣ — меъёрҳои муқаррарии оилавӣ, тарзи рафтор, урфу одатҳо ва дидгоҳҳое мебошанд, ки аз насл ба насл интиқол мешаванд.

https://molportal.ru/node/13680

Кыргыз жараны – шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, ки мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Қирғизистон, сарфи назар аз мансубияти этникӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва минтақавӣ дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳо мебошад. «Кыргыз жараны» аз номи кишвар — Ҷумҳурии Қирғизистон гирифта шуда, як ҳуввияти умумии шаҳрвандист, ки тамоми ҷамоаҳои этникиро бо нигоҳ доштани ҳувияти этнофарҳангии худ муттаҳид месозад. (Консепсияи рушди ҳувияти шаҳрвандӣ – «Кыргыз жараны» дар Ҷумҳурии Қирғизистон барои солҳои 2021-2026. – С.3).

Раванди дарс

Душворӣ (Чолиш).

Машқи 1. Кор дар гурӯҳи дунафарӣ (ҷуфтҳо). Тасаввур кунед, ки шумо дар хона ҳастед. Тасвир кунед, ки чиро ҳис мекунед. Шумо дар кадом ҳуҷра қарор доред? Дар атрофи шумо чӣ аст? Шумо кадом бӯйҳоро ҳис мекунед?

 

Машқи 2. Бинависед, ки дар хона кадом ашёҳо метавонанд бошанд.

СОАТИ ДАРСӢ «ЯГОНАГИИ ХАЛҚ ДАР ГУНОГУНИИ ФАРҲАНГӢ»

Машқи 3. Бо ҳам мувофиқ кунед. Дар кадом хонаҳо мумкин аст ашёҳои нишондодаи шумо бошанд. Шарҳ диҳед, чаро шумо чунин фикр мекунед?

 

СОАТИ ДАРСӢ «ЯГОНАГИИ ХАЛҚ ДАР ГУНОГУНИИ ФАРҲАНГӢ» СОАТИ ДАРСӢ «ЯГОНАГИИ ХАЛҚ ДАР ГУНОГУНИИ ФАРҲАНГӢ»

 

СОАТИ ДАРСӢ «ЯГОНАГИИ ХАЛҚ ДАР ГУНОГУНИИ ФАРҲАНГӢ»

 

СОАТИ ДАРСӢ «ЯГОНАГИИ ХАЛҚ ДАР ГУНОГУНИИ ФАРҲАНГӢ»

СОАТИ ДАРСӢ «ЯГОНАГИИ ХАЛҚ ДАР ГУНОГУНИИ ФАРҲАНГӢ»

СОАТИ ДАРСӢ «ЯГОНАГИИ ХАЛҚ ДАР ГУНОГУНИИ ФАРҲАНГӢ»

 

Кор бо иттилоот

Машқи 4. Матнро хонед. Пас аз матн супоришро иҷро кунед.

 

Ҷойе, ки ҳамеша роҳат аст — ин хонаи ман аст

Хона моро гарм мекунад, аз олами берунӣ, аз бадбахтиву чашми бегона паноҳ медиҳад, хислатҳои шахсияти моро инъикос мекунад.

Хонаи ман он ҷоест, ки онҳо дӯст медоранд, дар гирди миз ҷамъ мешаванд, ба чашмони ҳамдигар менигаранд. Акнун аъзои як оила дар ду-се хона зиндагӣ карда метавонанд. Вале барои одамони муосир хона, фазои шахсӣ, муҳити шахсони наздик лозим аст. Барои баъзе одамон хона танҳо барои гузаронидани шаб лозим аст, дигарон бошанд, оташдонҳои бобоии худро барқарор, таъмир мекунанд ва оро медиҳанд.

Бештар аз ҳама, одамон хонаро барои он дӯст медоранд, ки он воситаи муҳофизат аз бадбахтиҳои берунӣ аст. Ин ҷоест, ки шумо худро бехатар ҳис мекунед ва он бо оила ва гармии муносибатҳо алоқаманд аст. Вақте ки мо дар бораи хона фикр мекунем, фикрҳо аксари вақтҳо моро ба хонаи падарии ба назар фаромӯшшуда мефиристанд. Дар он ҷо меҳр ҳоким аст, нони гарм рӯи дастархон аст, ҷашнҳо оилавӣ баргузор мешаванд — ва дар он лаҳзаҳо дар дил гармӣ ва равшанӣ пайдо мешавад.

Дар ҳама давру замонҳо одамоне буданд, аз ҷое ба ҷое сафар мекарданд ва дар дар шаҳрҳои гуногун зиндагӣ менамуданд. Аммо барои ҳама зарур аст бидонанд, ки дар ҷаҳон ҷойе ҳаст, ки шумо ҳамеша метавонед баргардед.

Ҳар вақт ба хонаи касе меравед, шумо метавонед ӯро дар тӯли чанд соат шиносед. Кадом рангҳоро дӯст медорад, кадом чизҳоро дӯст медорад, вақти худро чӣ гуна мегузаронад, тозагӣ, назм ва роҳатиро то чӣ андоза қадр мекунад. Хона ҳама чизро дар бораи соҳиби худ нақл мекунад. Фазо на танхо аз завки одам, балки дар бораи фарҳангу эътиқоди ӯ низ сухан меронад.

 

Дар гурӯҳҳои хурд муҳокима кунед.

  • Хона дар ҳаёти инсон чӣ нақшро бозӣ мекунад?
  • Калимаҳои «хона ҳама чизро дар бораи соҳиби худ нақл мекунад» чӣ маъно доранд?
  • Чӣ тавр анъанаҳои оилавӣ мумкин аст дар ороиши хона инъикос ёбанд?
  • Фарҳанги миллӣ ба ороиши хона чӣ гуна таъсир мерасонад?

https://styldoma.ru/novosti/moj-dom-mesto-gde-vsegda-uyut

 

Машқи 5. Суҳбат

Чаро аксари вақтҳо хона ва кишварро бо ҳам муқоиса мекунанд?

Ибораи «Қирғизистон хонаи умумии мост»-ро шарҳ диҳед.

Дар хона оила зиндагӣ мекунад, дар кишвар чӣ? (шаҳрвандон – Кыргыз жараны)

Тавзеҳ диҳед, ки шумо ибораи “Кыргыз жараны”-ро чӣ тавр мефаҳмед? (3-4 нафар)

 

Рефлексия (мулоҳиза)

Машқи 6

Ин фикрро идома диҳед:

Дар кишвари мо хонахои гуногунро дидан мумкин аст, ки дар онҳо халқҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва ….

 

Соати дарсиро омода карданд:

Орусбаева Д.Н., КАО,

Марченко Л.Ю.

 

 

 

 

 

 

СОАТИ ДАРСӢ «ЯГОНАГИИ ХАЛҚ ДАР ГУНОГУНИИ ФАРҲАНГӢ»

Бөлүшүү

Комментарийлер